Дар ин бора Хабаргузории давлатии ТАСС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия иттилоъ додааст. Дар бораи боз шудани парванда ҳанӯз расман хабар надодаанд.
Ба иттилои ТАСС, зидди масъулони бехатарии сӯхтор дар толори консертӣ ва сардори гуруҳи оташнишонҳои "Крокус" парванда боз шуда, дар ҳоли ҳозир гумонбарон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доранд. Парванда кай боз шудааст, гуфта намешавад.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун даҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.