Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон бо занони зиндонӣ чӣ кор мекунанд? Тасвири зиндониёни собиқ


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Чанде аз занони афғон, ки дар зиндонҳои Толибон зулму ситам дидаанд, вазъи зиндонҳои таҳти назари онҳо ва рафтори посбону мақомоти интизомӣ бо занонро ба Радиои Озодӣ тасвир карданд.

Зарифа Ёқубӣ 45 шабро дар зиндони Толибон сипарӣ кардааст. Ҳоло дар Канада аст. Ӯро барои он дастгир карданд, ба нишони эътироз аз қарори Толибон дар бораи маҳрум намудани занону духтарон аз ҳаққи кору таҳсил бо гурӯҳи дигаре аз духтарон дар Кобул ба хиёбонҳо рехтанду тазоҳурот карданд. Ӯ дар суҳбате бо хабарнигори Радиои Озодӣ тасвир кард, ки Толибон баъди ба зиндон андохтани духтарону занон чигуна бо онҳо бадрафторӣ ва шиканҷаву таҳқиру тавҳинашон мекунанд. Аз ҳамин роҳ ҳам маҷбур месозанд, то гуноҳи нокардаеро ба гардан бигиранд.

Ӯ мегӯяд: “Таҳқиру тавҳин, шоки барқӣ, таҳқир ба қавму мазҳаб, шаллоқ аз корҳои онҳост. Дар байни нон маводи мухаддир меандозанду ( ба духтарон медиҳанд). Ҳамаи ҳамкорони мо ки аз онҷо баромаданд, ҳамин мушкилро доранд. Ҳамаи мо мушкили фаромӯшхотирӣ пайдо кардем.”

Зарифаро дар як утоқи танҳо нигаҳ медоштаанд. Ӯ мегӯяд: “Заноне, ки дар утоқҳои наздики мо буданд, садоҳояшонро мешунидам, ки озорам медиҳанд. Садои мардонеро мешунидам, ки мегуфтанд, моро ҳар бор азоб надиҳед, ба якборагӣ корамонро тамом кунед.”

Толибон баъди бозгашт ба қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 занону духтарони афғонро аз ҳаққи зиёде маҳрум карданд. Аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ аз ҳаққи кор ва дигар ҳуқуқи бунёдии як инсони оддӣ. Қарорҳои аввалини Толибон дар ин бора дар аввал эътирози хиёбонии занони Афғонистонро барангехт, аммо Толибон эътирозгаронро саркӯб ва баъзеро ҳам боздошту зиндонӣ карданд.

Эътирозгароне, ки дар зиндонҳои Толибон будаанд, мегӯянд, ки пас аз шиканҷа дидан дар зиндонҳо, ба мушкилоти рӯҳиву равонии зиёде гирифтор шудаанд. Руқия Соӣ, яке аз онҳост, ки ҳоло дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳар шаб кобусҳои зиндонҳои Толибонро мебинад: “Ман ҳанӯз оромиш надорам, хоб надорам, бехобӣ мекашам, хобам намебарад. Як навъ фаромӯшхотирии шадид пайдо кардам.”

Се духтари дигар дар вилоятҳои Бомиён ва Дайкундӣ, ки муддатҳо дар зиндонҳои Толибон будааннд, бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд. Онҳо ҳам айни сӯҳбатҳои Зарифаву Руқияро такрор карданд ва гуфтанд, ки бемории фаромӯшхотирӣ гирифтаанду мушкилоти равонии зиёд доранд.

Толибон ҳамвора иттиҳоми бадрафторӣ бо боздоштшудагону зиндониёнро рад карда ва гуфтаанд, ҳуқуқи занону дигар афроди ҷомеа мутобиқ ба қонунҳои шариати исломӣ муроот мешавад. Дар айни ҳол Симо Нурӣ, як ҳомии ҳуқуқи инсон, ки ҳоло дар Норвегия зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд коре кунад, то ки Толибон ба худсарияҳошон поён бидиҳанд.

Ричард Беннет, гузоришгари Созмони Милал барои ҳуқуқи инсон дар Афғонистон моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари бадрафториҳо дар зиндонҳои Идораи истихборот ва зиндонҳои шахсӣ, ки фармондеҳони Толиб мудирият мекунанд, сурат мегирад.

Зарифа Ёқубӣ, ки ҷабри ин бадрафториҳоро кашидааст, ба ҷаҳониён муроҷиате дорад: “Хоҳишам аз ниҳодҳои байналмилалӣ, Созмони Милал ин аст, ки биёед, дар канори занони афғон биистед, ба Толибон фишор биёред, то ҳадди аққал ҳуқуқи занони афғонро бипазиранду бо онҳо кор кунад.“

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG