Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти омодагӣ ба ҳамлаи ду сол пеш дар Тошканд


Акс аз филми телевизиони Узбекистон
Акс аз филми телевизиони Узбекистон

Мақомоти махсуси Узбекистон дар ибтидои соли 2022 чаҳор касро бо айби "тарҳрезии ҳамла дар чанд макон дар шаҳри Тошканд" боздошт карда буданд. Додгоҳ онҳоро аз 10 то 15 сол зиндон карда буд.

Телевизиони давлатии Узбекистон дар як гузорише рӯзи 1-уми апрел баъзе аз ҷузъиёти он тарҳро нашр кард. Гузориш бар асоси эътирофҳои маҳкумшудаҳо сохта шудааст.

Муаллифони гузориш нагуфтанд, ки чаро маҳз ҳоло дар бораи омодагӣ ба теракти ду сол пеш хабар медиҳанд. Аммо ин гузориш чанд рӯз баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр шуд.

Бино ба гузориши телевизионӣ, шаҳрванди Узбекистон Муҳаммад Уролов, ки дар Сурия қарор дошт, дар Телеграм гуруҳ кушода, тавассути он "чанд терактро дар шаҳри Тошканд баҳор ва тобистони соли 2022 нақшарезӣ карда буд".

Мақомоти тафтишотии Узбекистон гуфтанд, Муҳаммад Собиров мубаллиғ ва фаъоли гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" буд ва "сокинони Тошканд Давронбек Турабеков, Зиёвуддин Амонова ва Ҳайитбой Аҳмадҷоновро атрофи ғояҳои тундгароёна ҷалб карда, ба онҳо дастур додааст, ки теракт анҷом диҳанд".

Дертар ин гуруҳ Иззаттуло Зайниддинов, сокини дигари Тошкандро ба сафи худ ҷалб кардааст.

Мақомоти Узбекистон тавонистаанд, ки аз ин нақшаҳо пешгирӣ ва ин афродро боздошт кунанд.

XS
SM
MD
LG