Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар Қатар ба Ҷоми Осиё омода мешавад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки барои анҷом додани марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 ба Қатар расид, 3-юми апрел аввалин тамринашро дар шаҳри Доҳа баргузор кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Қатар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Доҳа 21 бозигар иштирок мекунад. Нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия) ва Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон) дертар ба дастаи мунтахаб мепайванданд.

Аммо нимҳимоятгари бошгоҳи «Самгурали»-и Гурҷистон Алиҷони Бӯризод, ки зонуяш дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ (1:1) лат хӯрда буд, дар Ҷоми Осиё-2024 ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар (U-23) кӯмак карда наметавонад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат мекунад..

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Қатар:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол», Душанбе), Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд», Хуҷанд), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Равшан», Кӯлоб);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»), Ҳайдар Сатторов, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Вахш», Бохтар), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА, Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Алишер Шукуров («Динамо», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarriа», Испания), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Ҳосилот», Фархор);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров, Меҳрон Мадаминов (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG