Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико тамдиди ҳабси Алсу Қурмашеваро танқид кард


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Сафири Амрико дар Русия тамдиди ҳабси хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро танқид кард. Линн Трейси онро "ҳамлаи Кремл ба озодии матубот" хонд ва "ғайри қобили қабул" донист.

Алсу Қурмашева шаҳрвандии Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро дорад.

Дар изҳороти сафорат гуфта шудааст, ки кормандони он дар мурофиа ширкат карданд ва барои дастрасии консулӣ ба хабарнигори ҳабсшуда талош хоҳанд кард. "Мо аз тамдиди ҳабси Алсу Қурмашева дар Федератсияи Русия амиқан нигарон ҳастем," -- гуфт Трейси.

Додгоҳе дар шаҳри Қазон рӯзи 1-уми апрел муҳлати ҳабси Қурмашеваро то 5-уми июни имсол дароз кард. Дархости вакили мудофеъ барои раҳоии Алсу Қурмашева аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ва монданаш дар ҳабси хонагӣ рад шудааст.

Алсу Қурмашева пас аз мурофиа рӯзи якуми апрел ба намояндагони расонаҳо аз вазъи бисёр бади нигаҳдорияш хабар дод: "Ҳуҷраи нигаҳдорӣ барои ду нафар ҳамагӣ панҷ метри мураббаъ аст. Оби гарм нест... Ба ҷойи ҳоҷатхона фаршро сӯрох кардаанд. Ҳатто ним метр ҷойи холӣ нест! Ду кати хобравӣ ҳаст, миз нест. Деворҳо фарсудаанд, эҳтимол ним аср боз таъмирро надидаанд."

Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст.

Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

XS
SM
MD
LG