Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳамларо ба консулгарии Эрон дар Димишқ маҳкум кард


Бинои харобшудаи консулгарии Эрон дар Димишқ
Бинои харобшудаи консулгарии Эрон дар Димишқ

Тоҷикистон ҳамлаи маргбор ба консулгарии Эрон дар Сурияро маҳкум кард.

Дар ҳамлаи рӯзи 1-уми апрел ба консулгарии Эрон дар Димишқ, ки онро кори Исроил медонанд, ду генерал ва 5 афсари Сипоҳи посдорон ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел дар изҳороте гуфтааст, ки ин ҳамларо “қатъиян маҳкум менамояд.”

“Мо чунин амалҳоро, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои Вена мебошанд, комилан ғайри қобили қабул мешуморем,”—гуфта шудааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Дар Сурия борҳо ба пойгоҳҳои Эрон ҳамла шудааст, вале бори аввал аст, ки консулгарии ин кишвар мавриди ҳамла қарор мегирад. Эрон ҳамларо кори Исроил медонад, вале Исроил инро тасдиқ ё рад накардааст.

XS
SM
MD
LG