Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷикистонӣ ба гумони омодагӣ ба ҳамла дар Истанбул


Як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ аз номи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Истанбули Туркия боздошт шудааст.

Хабаргузории "IHA" иттилоъ дод, ки пулиси Истанбул ҳамроҳи шаҳрванди Тоҷикистон як зани қирғизистониро низ дастгир кард.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, Хадамоти зиддиҷосусии Туркия тасмим грифтааст, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шаҳрванди 41-солаи Қирғизистон Зулфия С. боздошт карда шаванд.

Ҳангоми бозҷӯӣ аз таҳхонаи манзиле, ки гумонбарон дар он ба сар мебурданд, либос ва ҷавшан ё бронжилети пулис, дастгоҳи иртиботӣ ва таҷҳизоти дигар пайдо шудааст.

Гумонбарон ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардаанд, ки барои амалиёти хушунатомез омодагӣ медиданд. Ҷузъиёти дигар ифшо намешавад.

Тибқи қарори Додситонии кулли Туркия, шаҳрванди Тоҷикистон ҳабс ва шарикаш ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG