Гузориши нави созмони байнулмилалӣ рӯзи 1-уми апрели имсол нашр шуд.
Баҳоиён, бузургтарин ақаллият ё камшуморони ғайримусулмон дар Эрон ҳастанд, вале бовари онҳо дар Қонуни асосии Ҷумҳури Исломӣ эътироф нашудааст.
Мақомоти Эрон солҳои охир дар баробари саркӯби норозиён аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ пайравони баҳоияро низ ҳадаф қарор додаанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, намояндагони Ҷумҳури Исломӣ даҳҳо баҳоиро дастгир карда, амволи онҳоро мусодира намудаанд.