Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин фармонро дар бораи даъват ба артиши Русия имзо кард


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Владимир Путин, президенти Русия, фармонро дар бораи даъвати баҳории шаҳрвандони ин кишвар ба хидмати ҳарбӣ имзо кардааст.

Ин маърака аз 1-уми апрел то 15-уми июли имсол давом мекунад. Қарор аст, 150 ҳазор ҷавонро ба артиш бибаранд.

Бар асоси қоидаҳои нав (аз якуми январи имсол) шахсони аз 18 то 30-сола дар Русия ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Пештар шахсони то 27-соларо ба артиш мебурданд. Муҳлати хидмат як сол аст.

Дар даъвати тирамоҳӣ дар Русия 130 ҳазор нафар ба хидмати сарбозӣ ҷалб шуда буд.

Пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, Маскав ба қонунҳои вобаста ба хидмати ҳарбӣ чанд ислоҳ даровард. Аз ҷумла, барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ 30 ҳазор рубл ҷарима мебанданд. Қаблан ҷарима се ҳазор рубл буд.

Тибқи ҳисобҳои охири хабарнигорони Би-би-сӣ, Mediazona ва як гурӯҳи ихтиёриён, аз оғози ҷанг алайҳи Украина беш аз 49 ҳазор низомии Русия кушта шудаанд. Аз ин теъдод қариб 13 ҳазор нафарро ҷавонони аз 18 то 29-сола ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG