Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Покистон. Як нафар ҷон бохта, чордаҳ кас захмӣ шудаанд


Покистон. Акс аз бойгонӣ
Покистон. Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши бомба дар ҷанубу ғарби Покистон як нафар кушта ва чаҳордаҳ кас, аз ҷумла се сарбоз, захмӣ шудаанд.

Таркиш дар минтақаи Ҳарнай дар шимолу шарқи шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон, рӯзи 30-юми март рух дод.

Муовини комиссари полис Ҷовид Домкӣ гуфт, таркиш замоне рух дод, ки гурӯҳи ширкати Mari Petroleum ба ҷустуҷӯи газ машғул буд.

То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти ҳодисаро бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG