Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Зеленский ёвари аввалашро барканор кард


Владимир Зеленский, 29-уми марти 2024
Владимир Зеленский, 29-уми марти 2024

Владимир Зеленский, президенти Украина, ёвари аввали худ Сергей Шефирро аз мақом барканор кардааст. Фармон дар ин бора рӯзи 30-юми март нашр шуд.

Сергей Шефир, ҳаммуассиси студияи "Квартал-95", силсилафилми "Хидматгори халқ"-ро коргардонӣ кардааст. Дар он филм Зеленский нақши президентро бозида буд.

Сипас, Шефир яке аз раҳбарони ситоди интихоботии Владимир Зеленский буд ва соли 2019, пас аз пирӯзии ӯ, ёвари аввалаш таъйин шуд.

Президенти Украина ду муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президент – Андрей Смирнов ва Алексей Днепровро низ барканор ва ба ҷойи онҳо Ирина Мудрая ва Елена Ковалскаяро таъйин кардааст.

Дар бораи сабабҳои истеъфо расман хабар дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG