Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқа дар Туркия


Эмомалӣ Нуралӣ, варзишгар
Эмомалӣ Нуралӣ, варзишгар

Паҳлавонони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило баъди се пирӯзӣ ба рақибонаш Элиос Манзи (Италия), Ҳаким Оғомамедов (Туркманистон), Кубаничбек Ойбек Уулу (Қирғизистон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони 21-солаи тоҷик дар ин давр ҳамсолаш Муҳаммад Демирелро аз Туркия мағлуб намуда, ба финал баромад.

Вале Эмомалӣ дар даври ниҳоӣ аз рақиби 26-солаи номдору пуртаҷрибааш Ҳифуми Абеи ҷопонӣ, ки қаҳрамони олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон аст, мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид.

Паҳлавони дигари тоҷик Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило бар Миҳрак Аккус (Туркия), Рашад Йелкийев (Озарбойҷон) ва Орландо Поланко (Куба) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Аммо ӯ дар чорякфинал аз Валиде Кяри фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Сипас Ҷебов дар даври тасаллобахш ба Нармандах Баянмунх аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пирӯзӣ ба даст овард. Паҳлавони 25-солаи тоҷик дар мубориза барои медали биринҷӣ Муҳаммад Демирели 21-солаи туркро мағлуб кард.

Дар рӯзи якуми мусобиқа - 29-уми март – боз ду намояндаи Тоҷикистон - Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни -60 кг) дар байни мардон рақобат карданд.

Меҳрзод дар даври аввал ба Эмирхон Қарахон аз Туркия ва дар даври дуюм ба Седрик Револ аз Фаронса пирӯз шуд, вале дар даври ҳаштякниҳоӣ аз намояндаи Нидерланд Эмиел Ҷаринг шикаст хӯрд.

Ҳақдод бошад, дар даври аввали мусобиқа аз гуштигири муғул Бямбайав Тсогт - Очир мағлуб шуд.

Инчунин дар рӯзи якуми мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2024” дар рақобатҳо миёни занон ду варзишгари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Насиба Карликова (ҳарду дар вазни -52 кг) қувваозмоӣ карда, ноком гаштанд.

Аҳлия дар даври аввал аз намояндаи Полша ё Лаҳистон Александра Калета мағлуб шуд. Насиба, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Бинта Ндиайеи швейтсарӣ шикаст хӯрд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 30-юми март – боз ду паҳлавони тоҷик – Абубакр Шеров ва Сомон Маҳмадбеков ба рақобат пардохта, бе медал монданд.

Шеров дар вазни то 73 кило баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш Артур Маргелидон (Канада), Рамазон Коҷаков (Баҳрайн), Киприанос Андреу (Кипр) ва Мануел Парлати (Италия) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Аммо Абубакр дар нимфинал аз Одил Османов (Молдова) ноком шуд, Паҳлавони 21-солаи тоҷик, бо вуҷуди он ки пояш лат хӯрда буд, барои дарёфти медали биринҷӣ бо Шаҳром Аҳадови 27-солаи узбекистонӣ рақбат карда, шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Сомон Маҳмадбеков бошад, дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, вале дар даври дуюм аз Виктор Стерпу (Молдова) шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2024” 628 варзишгар (355 мард ва 273 зан) аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (даҳ мард ва ду зан) дохиланд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 31-уми март - боз чаҳор паҳлавони тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа дар даври муқаддамотӣ:

Мардон

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён – Ҷамол Петграве (Британияи Кабир)

-90 кг – Умедҷон Раҷабов – Нгаяп Ҳамбоу Максим-Гаел (Фаронса)

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов – Зелимхон Башаев (Баҳрайн)

-100 кг – Парвиз Абдураҳмонов – ғолиби ҷуфти Максимс Дуиновс (Латвия)/Антон Савитский (Украина)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Antalya Grand Slam 2023” Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар намояндагӣ карда, натавонистанд медал бигиранд.

Соли 2022 бошад, дар " Antalya Grand Slam” аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гардида буд. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Зимнан, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки ба иллати табобати ҷароҳаташ дар мусобиқоти имсола иштирок накардааст, мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошта натавонист.

Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5895 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG