Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба Қатар меравад


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷамъомади таълимию тамринӣ баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи ниҳоии омодагии мунтахаби олимпии кишвар рӯзи 3-юми апрел дар Қатар оғоз меёбад.

Ба ин ҷамъомад 25 бозигар даъват мешавад, ки 23 нафари онҳо ба ҳайати ниҳоии даста шомил хоҳанд шуд.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ Ба Ҷоми Осиё бо тими олимпии Ветнам ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Ҳарду бозӣ рӯзҳои 20-ум ва 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали дӯстона аз тими Ветнам бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Голи ягонаро Ле Нҳат Нам дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум, ба самар расонд. Бозии дуюми дӯстона бидуни гол хотима ёфт.

XS
SM
MD
LG