Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси Telegram гуфт, "даҳҳо ҳазор" саҳифаеро бастааст, ки ба ҳамлаи террористӣ даъват мекарданд


 Павел Дуров
Павел Дуров

Павел Дуров, муассиси паёмрасони Telegram гуфт, "даҳҳо ҳазор" саҳифаеро бастааст, ки дар чанд рӯзи ахир ба содир кардани амали террористӣ даъват мекарданд.

Ба гуфтаи вай, ҳисоби чандин ҳазор корбар баста шудааст.

"Чор рӯз пеш корбарони русзабони Telegram аз дарёфти паёмакҳое хабар доданд, ки дар он афроди ношинос ба анҷоми амали террористӣ даъват мекарданд. Давоми як соати баъди дарёфти ин шикоятҳо мо чораҷӯӣ ва аз ирсоли чунин паёмакҳо пешгирӣ кардем", - навишт Дуров.

Вай гуфт, шуруъ аз ҳафтаи оянда корбарон аз Русия, Украина ва Белорус метавонанд, доираи касонеро маҳдуд кунанд, ки ба онҳо паёмак мефиристанд.

Пештар расонаҳои Русия навиштанд, баъди ҳамла дар "Крокус Сити ҳолл"-и Маскав, ки бештар аз 140 кас кушта шуд, корбарони Telegram барои содир кардани ҳамлаҳои нав пешниҳод мегиранд. Ба илова, расонаҳо навиштанд, ки гумонбарони ҳамлаи мазкур тавассути Telegram пешниҳоди содир кардани ин амалро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG