Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи вазъи фавқулода дар Бишкек ва вилояти Чуй


Дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон вазъи фавқулода эълом карда шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар дода, ки дирӯз, соати 16:20 ба вақти маҳаллӣ, дар Бишкек ва Чуй шамоли сахт вазид ва дар натиҷа баъзе аз биноҳо ва чандин кас осеб дидааст.

Шаҳрдории Бишкек иттилоъ дода, ки дар натиҷаи шамоли сахт 11 мактаб ва 8 боғча осеб дидааст.

Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи зарар дидани биноҳои иҷтимоии шаҳр ҳам хабар медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, ду кас осеб дидааст.

Шамоли сахт боиси қатъи ҳаракати троллейбусҳо дар ҳамаи масирҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG