Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати чинӣ замин дод


Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати чинӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 6,6 гектар замин додааст.

Дар қарори ҳукумат аз аввали моҳи марти имсол омадааст, ин миқдор замини кишоварзӣ барои сохтани корхонаи коркарди пахта ба ширкати "Ҷундай Хатлон Син Силу" дода мешавад.

Бар асоси қарори ҳукумат, 6,6 гектар замин аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳияи Дӯстӣ ба муддати бист сол ба ширкати чинӣ дода мешавад.

Ширкати чинии "Ҷундай Хатлон Син Силу" вазифадор шудааст, ки барои талафи заминҳо, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд, ба буҷаи ҷумҳурӣ 1,7 миллион сомонӣ маблағ супорад.

Кишоварзони чинӣ баъд аз соли 2010 дар Тоҷикистон кор мекунанд ва асосан дар вилояти Хатлон ба кишту кор машғуланд.

Аммо нигарониҳо аз шеваи кори кишоварзони чинӣ дар кишвар ҷой дорад. Бахусус инки кишоварзони чинӣ дар қиёс ба кишоварзони маҳаллӣ як баробар зиёд ҳосил мегиранд.

Қаблан баъзе вакилони Маҷлиси намояндагон хостори он шуданд, ки таҳқиқ шавад чиноиҳо барои зиёд шудани ҳосил кадом маводҳоро ба замин мерезанд.

XS
SM
MD
LG