Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, гуфт, 76 захмӣ ҳанӯз дар бемористон ҳастанд. Вазъи чаҳор нафари онҳо “ниҳоят вазнин” арзёбӣ мешавад.
Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.
Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.
Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.