Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷирони узбек хостаанд, ба маконҳои серодам дар Русия нараванд


Як муҳоҷири корӣ. Маскав
Як муҳоҷири корӣ. Маскав

Мақомоти Узбекистон пас аз ҳамлаи маргбор дар толори “Крокус Сити”-и Маскав аз муҳоҷирони кории узбек дар Русия хостаанд, ки талаботи бехатариро риоя кунанд.

Дар ин бора Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон муроҷиатномаеро ба шаҳрвандони ин кишвар нашр кард, ки ба Русия равона ҳастанд ва ё дар он кишвар қарор доранд.

"Дар робита ба ҳамлаи рӯзи 22-юми март дар вилояти Маскави Русия дар тамоми қаламрави он кишвар чораҳои амниятӣ сахттар шудаанд. Мо аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки талаботи бехатариро риоя кунанд", - омадааст дар хабар.

Дар тавсияҳои оҷонс омадааст, ки шаҳрвандони Узбекистон бо худ шиноснома ва иҷозаи будубошро дар Русия бо худ дошта бошанд

“Бе сабаб ба ҷойҳои серодам нараванд, бо шахсони ношинос ё шубҳаовар суҳбат накунанд ва аксу видеоҳои мамнуъро дар телефонҳои худ нигаҳ надоранд,” – аз хостҳои дигари Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон аст.

XS
SM
MD
LG