Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат: "Вазъият тағйир накардааст".


Муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи "Крокус" ба муносибати душманона рӯбарӯ гаштаанд.
Муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи "Крокус" ба муносибати душманона рӯбарӯ гаштаанд.

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороте гуфтааст, вазъият барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тағйир наёфтааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки чандин муҳоҷирони тоҷик шикоят доранд, ки баъди ҳамла ба толори "Крокус" муносибати мардуми маҳаллӣ ва мақомоти русӣ нисбати онҳо бад шудааст.

Ҳадди ақал ду гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, онҳоро аз ҷойи корашон пеш карданд. Мақомоти Тоҷикистон ба ин масъала вокунише накардаанд.

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия 26-уми март навиштааст, пас аз ҳамлаи террористӣ, таъмини амният дар маконҳои ҷамъиятии Русия сахтар шудааст.

Шӯро бидуни овардани номи гуруҳ ё шахсони мушаххас, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ба маълумотҳои сохтаву беасосе, ки аз ҷониби гуруҳҳои алоҳида пахш мешавад, бовар накунанд.

Дар изҳороти Шӯро ҳамчунин омадааст, "дар гуруҳҳои телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои тундрав шаҳрвандонро барои анҷом додани амалҳои террористӣ ҷалб намуда истодаанд".

Маълум нест, ки ин изҳорот бар пояи кадом оморе аст ё танҳо ҳарфи як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, ки дар бозпурсии мақомоти Русия гуфт, барои ҳамла ба “Крокус” аз як нафар дар телеграм дастур гирифтааст.

Дар робита ба ҳамла ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав, ҳадди ақал 7 зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG