Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон бозиро бо Саудӣ мусовӣ кард


Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи меҳмон -   Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони тоҷик фаъол буданд ва якчанд лаҳзаҳои голзаниро ба вуҷуд оварданд, аммо муваффақ нагаштанд.

Меҳмонон низ чанд имконияти хуби голзаниро аз даст доданд.

Бояд гуфт, ки дар охири нимаи аввали дидор чароғҳои варзишгоҳ якчанд дақиқа хомӯш гашт, бинобар ин бозӣ таваққуф шуд. Барои ҷуброн кардани вақти талафшуда даҳ дақиқа замони изофа таъйин гардид, ки он ҳам бе гол хотима ёфт.

Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд.

Ферас Ал-Брикан, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 46-ум ҳисобро кушод. Вай тӯби ба назди дарвоза равонкардаи ҳамдастаашро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза зад.

Рустам Соиров, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 80-ум тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи Ҳамадонӣ Камоловро ба нишон расонда, ҳисобро баробар намуд – 1:1.

Ҳамин тариқ, тими миллии Арабистони Сауди зери роҳбарии сармураббӣ Роберто Манчини, мутахассиси итолиёӣ, дар ду бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон чаҳоримтиёз гирифт.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар ду дидор бо футболбозони Саудӣ аз панҷ имтиёз бенасиб монд.

Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни тимҳои миллии Урдун ва Покистон шаби 26-уми март соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (00:00 бо вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи байнулмилалии шаҳри Уммон оғоз меёбад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахабиАрабистони Саудӣ бо касби 10 имтиёз дар ҷойи аввалқарор дорад.

Мнтахаби Тоҷикистон бо касби 5 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Дастаи Урдун, ки як бозӣ камтар кардааст, бо касби 4 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст. ТимиПокистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир аст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “G” рӯзи 6-уми июн баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Покистон сурат мегирад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дарнӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмромегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбандва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии ҶомиОсиё-2027 мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи “G”

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), АбдуллоҳРадиф, 90+6 (4:0).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон – 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), ҲамадонӣКамолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Урдун – Арабистони Саудӣ – 0:2

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 8 (0:1), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 30 (0:2).

Даври 3-юм

Покистон – Урдун – 0:3

Голҳо: Мӯсо Ал-Таъмарӣ 2 (0:1), 82 (0:2), 86 (0:3).

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Салим Ал-Довсарӣ, 23 (1:0)

Даври 4-ум

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ – 1:1

Голҳо: Ферас Ал-Брикан, 46 (0:1), Рустам Соиров, 80 (1:!0.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов(Содиқҷон Қурбонов, 35), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Ҳамадонӣ Камолов (Табрез Исломов, 87), Алиҷони Буризод (ШервонӣМабатшоев, 52), Алишер Ҷалилов, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 52).

Корти зард: Муҳаммад Ал-Увайс, 74 (Арабистони Саудӣ), Алишер Ҷалилов, 82 (Тоҷикистон).

26-уми март Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

26-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 00:00

Урдун – Покистон

Уммон, Варзишгоҳи байнулмилалӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

4

3

1

0

8-1

10

2.

Тоҷикистон

4

1

2

1

8-4

5

3.

Урдун

3

1

1

1

4-3

4

4

Покистон

3

0

0

3

1-13

0

Даври 5-ум

6-уми июн (панҷшанбе)

Покистон – Арабистони Саудӣ

Урдун - Тоҷикистон

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

Тоҷикистон - Покистон

Арабистони Саудӣ - Урдун

XS
SM
MD
LG