Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди тоҷикро дар Маскав ба ҳабси абад маҳкум кардаанд


Додгоҳи шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Хабаргузории расмии “ТАСС” рӯзи 26-уми март навишт, ки Хуршед Абдураҳмонов (Баротович) ба озори ҷинсии шаш кӯдаки аз 8 то 13-сола гунаҳкор аст.

Ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Дар додгоҳ гуфтаанд, ин зодаи Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2022 бо истифода аз оҷизии шаш писари аз 8 то 13-сола нисбат ба онҳо “амали зӯроварии шаҳвонӣ” анҷом дод.

Хабаргузории расмии “РИА Новости” мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон 55 сол дошта, ҳамзамон ба вайрон кардани қонуни муҳоҷират дар Русия муттаҳам аст.

Назари ӯ ва ё наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

XS
SM
MD
LG