Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Росткортарин пулис"-и Чимкентро ба ҳабс гирифтанд


Азамат Аимбетов, корманди пулисро дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.

Расонаҳои Қазоқистон навиштанд, Аимбетов бо гумони тамаъҷӯӣ ва гирифтани пора рӯзи 21-уми март боздошт шудааст.

Аимбетов баъди он машҳур шуд, ки соли 2022 аз болои сардори худ Мухтор Бухорбоев шикоят кард. Вай дар шикояташ навишт, Бухорбоев ӯро маҷбур ба харидани молҳои гаронбаҳо, билети ҳавопаймо, ҷиҳози хона ва ғайра кардааст.

"Ман 10 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунем ва ҳеч боре бадкориам сабт нашудааст", - навишта буд вай он замон.

Вакили мудофеи Аимбетов мегӯяд, вай "росткортарин пулис" аст. Вай ҳатто боре аз Хадамоти зиддифасод ҷоиза дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG