Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Путин ба суолҳо дар бораи шиканҷаи гумонбарон посух надод


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Сухангӯйи президенти Русия Владимир Путин ба суолҳо дар бораи латукӯбу шиканҷаи чаҳор гумонбари ҳамла ба як толори консертӣ дар канори Маскав посух надод.

Дмитрий Песков рӯзи 25-уми март ба хабарнигорон гуфт, ки ин суолро беҷавоб мегузорад.

Вале дар айни замон аз нерӯҳои амниятии Русия ситоиш кард: "Онҳо ба таври хастагинопазир кор мекунанд ва ба ҳама таҳдиду чолишҳое, ки кишвари мо рӯбарӯст, муқобила мекунанд."

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар робита ба ҳамлаи рӯзи 22-юми март ба толори мусиқии Crocus City Hall дар Красногорск, канори Маскав, 11 нафар боздошт шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 24-уми март чаҳор нафар -- Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддинро ба иттиҳоми терроризм ба ҳабси пешакӣ гирифт. Масъулони Додгоҳ гуфтанд, ҳамаи онҳо ба гуноҳи худ иқрор кардаанд, вале азбаски мурофиа паси дарҳои баста гузашт, тафсилоти он дастрас нест.

Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарон, шаби 24-уми март дар ҳоле ба додгоҳ оварда шуд, ки беҳол ва сардаргум намудор шуда, дар сару рӯяш осори латукӯб дошт.

Мақомоти қудратии Русия ҳангоми боздошт як гӯши Саидакрам Раҷабализодаро буридаанд ва дар додгоҳ тарафи рости сараш докапеч буд ва дар рӯяш осори зарбулат дошт.

Навори "бозпурсӣ”-и Фаридуни Шамсиддин, ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, рӯзи 23-юми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Дертар каналҳои русӣ дар Телеграм акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд.

Рӯзи 25-уми март се гумонбари дигар, аз ҷумла соҳиби пешинаи мошине, ки гуё ҳамлагарон барои фирор аз он истифода бурданд, ки ба ҳабс гирифта шуданд.

Гумонбарон Аминҷон, Диловар ва Исроил Исломовҳо муаррифӣ шуданд. Диловар Исломов соҳиби охирини мошини Renault будааст, ки ҳамлагарон аз он истифода кардаанд. Додгоҳ Исломовҳоро вазифадор кард, ки ба камияш то 22-юми май дар боздоштгоҳи муваққатӣ истанд.

XS
SM
MD
LG