Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони тимҳои Тоҷикистону Саудӣ аз бозии душвор ва пирӯзӣ гуфтанд


Бозии тоҷикон бо тими Арабистони Саудӣ, 22-юми марти 2023
Бозии тоҷикон бо тими Арабистони Саудӣ, 22-юми марти 2023

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Бозии гурӯҳи “G” байни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 26-уми март дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 20:00 оғоз меёбад.

Дар арафаи ин дидор сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ”мо тавоноии рақибро медонем. Арабистони Саудӣ ҳарифи хеле қавӣ аст. Дар бозии аввал нерӯи бисёр сарф кардем, чунон ки ҳама медонанд, бачаҳо дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадоранд. Мо марҳилаи барқароршавиро анҷом додем. Мақсад дорем ба Арабистони Саудӣ пирӯз шавем, барои ин бозигарони мо тамоми қувваю кӯшиши худро сарф хоҳанд кард.”

Инчунин дар ин нишаст дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов ба хабарнигорон гуфт, “ин бозӣ барои мо хеле муҳим аст ва мехоҳем, ки пирӯз шуда, барои ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтан заминаи устувор гузорем. Мо ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем.”

Сармураббии тими миллии Арабистони Саудӣ Роберто Манчини, мутахассиси итолиёӣ, дар нишаст гуфт, ки бори аввал ба Душанбе омадааст. Вай афзуд, “моро бо тими миллии Тоҷикистон бозии душвор интизор аст. Бозӣ дар Душанбе дар майдони сунъӣ мегузарад ва ин метавонад барои мо мушкил гардад. Дар муқоиса бо бозии аввал дар Риёз, дар бозии фардо мо ба се бозигар умед баста наметавонем, вале мо футболбозоне дорем, ки онҳоро иваз мекунанд. Мо ба ин ҷо барои ғалаба омадем.”

Бозии дигари гурӯҳи “G” миёни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Покистон дар шаҳри Умон 21-уми март соати 00:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд, ки 23 нафари онҳо ба дархости ниҳоии даста шомил хоҳанд шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Акназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА-и Душанбе);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»-и Фархор).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).

Зимнан, тими миллии Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозиро дар Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дода буд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун чоримтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Урдун ҷойи сеюмро касб кардаанд. Тими Покистон бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали гурӯҳ қарор дорад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дуюм. Гурӯҳи “G”

Даври 1-ум

Тоҷикистон Урдун 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Ҳамадонӣ Камолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Урдун – Арабистони Саудӣ 0:2

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 8 (0:1), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 30 (0:2).

Даври 3-юм

Покистон – Урдун – 0:3

Голҳо: Мӯсо Ал-Таъмарӣ 2 (0:1), 82 (0:2), 86 (0:3).

Арабистони Саудӣ Тоҷикистон – 1:0

Гол: Салим Ал-Довсарӣ, 23 (1:0)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

3

3

0

0

7-0

9

2.

Тоҷикистон

3

1

1

1

7-3

4

3.

Урдун

3

1

1

1

4-3

4

4

Покистон

3

0

0

3

1-13

0

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Урдун – Покистон

Оғози бозӣ – соати 00:00

Умон, Варзишгоҳи байналмилалӣ.

XS
SM
MD
LG