Ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳи шаҳри Тошканд, Салим Абдувалиев бар асоси банди "Муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, қисмҳои асосии силоҳ, мавод ё дастгоҳи тарканда, ки аз сӯи шахси хатарнок дубора содир мешавад", айбдор дониста шудааст.
Иттиҳоми "Қочоқ", ки зидди ӯ эълом шуда буд, ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор бекор гаштааст.
Мақомоти Узбекистон моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки Салим Абдувалиевро боздошт кардаанд.
Расонаҳо боздошти ӯро ба "маҳви гуруҳҳои ҷиноӣ" ва "пок кардани Тошканд аз ҷинояткорон" рабт додаанд.
Шуруъ аз моҳи январи соли 2017 Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон буд. Вай ҳамзамон аз соли 1997 Эътилофи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистонро раҳбарӣ мекард.