Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дастаҳои олимпии Тоҷикистону Ветнам бе гол хотима ёфт


Футболбозони тоҷик дар бозӣ бо дастаи Ветнам
Футболбозони тоҷик дар бозӣ бо дастаи Ветнам

​​​​​​​Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бозии дуюми дӯстонаро бо тими Ветнам, ки 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали дӯстона аз тими Ветнам бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд. Голи ягонаро Ле Нҳат Нам дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум, ба самар расонд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, идома медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимию тамриниии дастаи ҷавонони то 23-солаи кишвар, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, 26 бозигар даъват шудааст.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни футболбозони то 23-сола дар Қатар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

Тоҷикистон (U-23) – Ветнам (U-23) – 0:1

Гол: Ле Нҳат Нам, 47.

20-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Тоҷикистон (U-23) – Ветнам (U-23) – 0:0

Тоҷикистон (U-23): Муҳриддин Ҳасанов, Ҳайдар Сатторов (Фахриддин Аҳтамов, 57), Бекмурод Ҳаитов, Раҳматшо Раҳматзода (Фаридун Давлатов, 46), Шоҳрух Сангов (Исроил Холов, 82), Алиҷон Кароматуллозода, Ҷонибек Шарипов (Тоҳирҷон Тағойзода, 46), Руслан Хайлоев (Анушервони Одилҷон, 82), Шуҳрат Элмуродов, Далер Шарипов (Азизбек Ҳаитов, 57, Ҷомӣ Назаров, 82), Меҳрон Мадаминов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 82).

23-юми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 220 тамошобин.

XS
SM
MD
LG