Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: ДОИШ масъулияти ҳамларо дар Маскав ба дӯш гирифт


Наздикии Маскав, 22=юми марти 2024
Наздикии Маскав, 22=юми марти 2024

​​​​​​​Ба иттилои хабаргузории "Рейтерс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бо нашри баёнияе дар Телеграм масъулияти ҳамларо ба як толори консертӣ дар канори Маскав ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Русия то ҳол дар ин бора ибрози назар накарданд.

Ҳамла шоми 22-юми март сурат гирифт ва ба иттилои мақомоти амниятии Русия "40 кушта ва беш аз 100 захмӣ барҷой гузошт".

Расонаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Sky News ва Reuters бо иқтибос аз баёнияи гурӯҳи "Давлати исломӣ" навиштанд, ки ҷангҷӯён "ба як ҷамъомади калон дар канори пойтахти Русия ҳуҷум карданд”.

Ба иттилои ин манобеъ, дар изҳороти ДОИШ гуфта шудааст, ки "ҳамлаварон ба пойгоҳҳои худ баргаштанд". Аз ин пеш расонаҳои Русия дар бораи ҳанӯз дар озодӣ будани ҳамлаварон ҳушдор дода буданд.

Бар асоси гузоришҳо, шумораи ҳамлагарон аз се то панҷ нафар аст. Бо гузашти чанд соат аз ҳодиса, то ҳол ҷузъиёти бештар дар бораи чигунагии он нашр нашудааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, эълом кард, ки ин ҳамла фоҷиаи даҳшатбор аст. Вай шаби 22-юми март дар Телеграм навишт, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Маскав ҳама барномаҳои варзишӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ лағв шудаанд.

Михайло Подоляк, мушовири аршади раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский, гуфт, кишвараш ба ин ҳамла "ҳеч иртибот надорад" ва "ҳеч гоҳ аз усулҳои террористӣ истифода накардааст". Аммо ҳамзамон ҳушдор дод, ки ин ҳодисаи маргбор "ба афзоиши якбораи таблиғоти низомӣ, густариши сафарбаркунӣ ва дар ниҳоят васеъ кардани миқёси ҷанг мусоидат хоҳад кард".

Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерриш гуфтааст, ҳамларо "ба сахттарин шева" маҳкум мекунад. Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Туркия, Итолиё, Иттиҳоди Аврупо низ ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, "аз ин хабар таконзада ва ваҳшатзада шуд" ва "ҳар гуна ҳамларо ба ғайринизомиён маҳкум мекунад".

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳодисаи охирро дар Маскав "даҳшатовар" номид ва хост, ки барои "маълум кардани сабабҳои ин амали зишт тамоми талошҳо ба харҷ дода шавад".

Сарвазири Итолиё ҳамларо "амали нафратангези террористӣ" номид ва маҳкум кард.

Вазорати корҳои берунаи Тоҷикистон низ ин ҳамларо қатъиян маҳкум кард ва ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

XS
SM
MD
LG