Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Верстка": Ҳукумати Русия нақшаи "мобилизатсия 2.0" дорад


Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Русия барои мустаҳкам кардани сафи нерӯҳояш дар Украина ва муҳосираи эҳтимолии Харкови Украина, мумкин аст, дубора ба "мобилизатсия" (басеҷ ё сафарбарӣ ба артиш) шуруъ кунад.

Дар ин бора чаҳор манбаи наздик ба маъмурияти президенти Русия ва Вазорати дифои он кишвар ба нашрияи "Верстка" хабар додаанд. Онҳо гуфтаанд, дар доираи басеҷ эҳтимол 300 ҳазор нафарро ба артиш фиристанд.

Дар муқоиса бо аввали соли 2023, ки ба гуфтаи вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, артиш ҳудуди 400 ҳазор сарбози нав қабул карда буд, суръати ҷалби онҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Манобеи "Верстка" мегӯянд, агар пештар барои бастани қарордод бо Вазорати дифоъ дар як рӯз 500-600 нафар муроҷиат мекард, ҳоло 20-30 нафар меояд.

Ҳамсуҳбатони нашрия омодагиро ба басеҷи нерӯҳо дар Русия "Мобилизатсия 2.0" номидаанд. Тасдиқи расмии хабарҳои мусоҳибони "Верстка" феълан имконпазир нест.

“Мобилизатсия” (басеҷ ё сафарбарӣ ба артиш) дар Русия бори аввал тирамоҳи соли 2022 ва дар пасманзари нокомиҳои артиши ин кишвар дар Украина оғоз шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, он замон 300 ҳазор нафар ба артиш фиристода шуданд.

XS
SM
MD
LG