Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Тифлис


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2024”, ки 22-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон оғоз меёбад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” 531 варзишгар (296 мард ва 235 зан) аз 83 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) дохиланд:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-60 кг – Ҳақдод Гулов

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Абубакр Шеров

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Абубакри Акобир

-52 кг — Аҳлия Муъминова

Барномаи мусобиқа:

22-юми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

23-юми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

24-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam” иштирок надоштанд. Соли 2022 бошад, дар "Tbilisi Grand Slam” Тоҷикистонро 9 нафар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карда, бе медал монданд.

XS
SM
MD
LG