Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо баҳои 5 мехонд." Ҷасади духтари 17-соларо аз Қаратоғ ёфтанд


Наҷотдиҳандагон ҷасадро аз рӯди Қаратоғ ёфтанд.
Наҷотдиҳандагон ҷасадро аз рӯди Қаратоғ ёфтанд.

Субҳи 21-уми март ҷасади духтари ноболиғеро аз рӯди Қаратоғ, 45-километрии ғарби Душанбе, берун оварда, барои ташхис ба мақомот супурдаанд.

Мақомот гуфтанд, ноболиғи 17 сола, сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода соати 4-и субҳи имрӯз худро ба дарё партофтааст. Як мусоҳиби мо дар қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар гуфт, “ҷасади ин сокини деҳаи Қаратоғ, се километр дуртар аз маҳалли зисташ пайдо ва баъди берун оварда шуданаш аз дарё барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.”

Мақомот то ҳол сабаби ҳодисаро расман эълон накардаанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз зодгоҳи ин духтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо эҳтимоли зиёд ӯ бо ҳадафи худкушӣ худро ба рӯдхона партофтааст.

Ҷузъиёти дигари зиндагии ин духтари мактабхон, соатҳои охири умри ӯву андешаҳое, ки аз сараш мегузашт, маълум нест.

Рухсора Шукурова, мудири мактабе, ки ин духтари ноболиғ онҷо таҳсил мекард, дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хонанда дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекард ва муносибаташ бо ҳамсабақону омӯзгорон хуб буд. “Ду рӯзи ахир дар дарс набуд ва вақте роҳбари синфаш бо модари ин хонанда телефон карда, сабаб пурсидааст, модараш гуфтааст, саломатии ӯ чандон хуб нест,”-афзуд мудири мактаб.

Ҳанӯз сабаби марги ин духтар маълум нест ва ташхиси судӣ низ анҷом нашудааст.

Ҳар сол садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ҷони худ қасд мекунанд. Баъзе аз онҳо ҳамроҳи худ кӯдаконашонро низ ба об мепартоянд ё меовезанд. Кумитаи кор бо занон ва оила хабар дод, ки танҳо дар соли 2023, 198 зан худкушӣ кардаанд. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар маърузаи худ гуфтааст, ки “дар соли 2022 69 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки 31 нафарашон духтарон будаанд."

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон дар гузашта низ мавриди нигаронии ҷомеа шудааст. Як пажӯҳиши ахири Бунёди кӯдакони Созмони Милал муайян карда буд, ки сабаби асосии қасд ба ҷони худ кардани наврасону ҷавонон бетаваҷҷуҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва маҳрум будан аз навозишу меҳрубонист.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Нигина Маҳмадҷонова, равоншиноси тоҷик, аксари ҳолатҳои худкушии ноболиғон аз рӯи эҳсоси онҳо рух медиҳад. “Вақте ки дар оила ҷанҷол мешавад, ё ки падару модар ба ноболиғ ягон гапи сахт мегуянд, дар ин ҳолат наврас эҳсосӣ мешавад. Дар як ҳолате меафтад, ки яъне зиндагӣ тамом, ӯро касе нафаҳмад ва ҳамин эҳсос боис мешавад, ба хулосае меояд, ки бояд худкушӣ кунад ва ҳаёти худро ба поён расонад. Онҳо инро як намунаи ҷазо додани ҳамон аъзои хонавода фикр мекунанд, на ин ки бо ин корашон ба зиндагии худ хотима медиҳанд,”-илова кард равоншинос.

Пажӯҳишгарон мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо дарсҳои равоншиносӣ бо кӯдакон дар мактабҳо бояд тақвият дода шавад ва на танҳо волидон, балки педагогҳо ва равоншиносони касбӣ ҳам дар амри кор бо ноболиғон ҷалб шаванд.

XS
SM
MD
LG