Бозӣ шаби 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро Ле Нҳат Нам дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум, ба самар расонд.
23-юми март тимҳои олимпии Тоҷикистон ва Ветнам дар Душанбе бозии дуюми санҷиширо баргузор мекунанд. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 20:00 оғоз меёбад.
Бозиҳои дӯстона
Тоҷикистон (U-23) – Ветнам (U-23) – 0:1
Гол: Ле Нҳат Нам, 47.
Тоҷикистон (U-23): Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Ҳайдар Сатторов, Раҳматшо Раҳматзода, Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (Абдулло Шарипов, 46, Алиҷон Кароматуллозода, 83), Азизбек Ҳаитов (Ҷомӣ Назаров, 59), Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (Далер Шарипов, 46), Фаридун Давлатов (Ҷонибек Шарипов, 72), Меҳрон Мадаминов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 72).
20-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
23-юми март (шанбе)
Тоҷикистон – Ветнам
Оғози бозӣ – соати 20:00
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, идома медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимию тамриниии дастаи ҷавонони то 23-солаи кишвар, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, 26 бозигар даъват шудааст.
Ба ҳайати даста чанд бозигари нав шомил шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол»-и Душанбе) ва Одилҷони Анушервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни футболбозони то 23-сола дар Қатар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) бозӣ хоҳад кард.