Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 16 паҳлавони тоҷик дар “Ҷоми поягузорони самбо”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”,  ки рӯзҳои 22-23-юми март дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор машавад, иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” бо ибтикори Федератсияи самбои Русия миёни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ, инчунин байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз иштироки беш аз 250 варзишгар аз кишварҳои собиқи шӯравӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин аз Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Олмон ва Чин дар назар аст.

Мардон дар ҳафт вазн (58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг) дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат мекунанд. Занон бошанд, дар ҳафт вазн (50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг) дар намуди самбои варзишӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 16 варзишгар (11 нафар дар самбои варзишӣ ва 5 нафар дар самбои размӣ) дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд:

Самбои варзишӣ

Талабшо Мунавваров – 58 кг

Масъуд Қуқаншоев – 64 кг

Азиз Завқибеов – 64 кг

Фирӯзҷон Фаттоев – 64 кг

Абубакр Неъмонов – 64 кг

Рустам Ҷабборов – 71 кг

Ёрмаҳмад Асомиддинов – 71 кг

Суруш Саломов – 88 кг

Раҳиммардон Раҳимов – 98 кг

Қадриддин Шоев – 98 кг

Абдуҷаббор Сафаров – 98 кг

Самбои размӣ

Ғуломшо Давлатназаров – 58 кг

Давлатманд Зиёратшоев – 71 кг

Амиршо Шоев – 79 кг

Гулбек Бекмуродов – 79 кг

Рамазон Ҷумъаев – 88 кг

Барномаи мусобиқа:

22-юми март (ҷумъа)

12:00 (бо вақти Душанбе) – рақобатҳои пешакӣ миёни мардон (64 кг, 79 кг, 98 кг), байни занон (54 кг, 65 кг, 80 кг) ва дар риштаи самбои размӣ (58 кг, 71 кг, 88 кг, +98 кг).

18:30 – маросими ифтитоҳи мусобиқа.

19:00 – рақобатҳои ниҳоӣ, ҷоизасупорӣ.

23-юми март (шанбе)

12:00 – рақобатҳои пешакӣ байни мардон (58 кг, 71 кг, 88 кг, +98 кг), миёни занон (50 кг, 59 кг, 72 кг, +80 кг) ва дар риштаи самбои размӣ (64 кг, 79 кг, 98 кг).

19:00 – қуввазмоиҳои ниҳоӣ, ҷоизасупорӣ.

Мусобиқоти байналмилалии самбо «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки соли 1980 таъсис ёфта буд, соли 2022 тағйири ном кард - «Ҷоми поягузорони самбо».

Адолати таърихӣ барқарор шуд, зеро «самбо»-ро Анатолий Харлампиев, Василий Ошепков ва Виктор Спиридонов ихтироъ кардаанд. Ба ин се поягузор дар Лужникии Маскав ҳайкал гузошта шудааст.

Соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” аз байни 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, танҳо Ғуломшо Давлатназаров медал ба даст овард. Ӯ дар самбои размӣ дар вазни то 58 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҳамчунин, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон Шаҳбоз Нозимзода, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Русияро намояндагӣ кард, дар самбои размӣ дар вазни то 71 кило барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, соли 2022 дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” паҳлавони номдори тоҷик Акмалиддин Каримов дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло мукофотонида шуда буд.

XS
SM
MD
LG