Бар асоси таҳқиқи ширкат тақрибан 40 дар сади ронандагони таксӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, “Опел Астра”-ро бештар меписанданд, чун дар ҳаракат ва сарфаҷӯии сӯзишворӣ назар ба дигар навъи мошинҳо беҳтар будааст.
Дар ҷойи дувуми радабандии мошинҳои маҳбуби ронандагони таксӣ дар Тоҷикистон “Опел Зафира” омадааст, ки 17 дар сад онро мошини писандидаи худ номидаанд.
Мақоми саввумро “Опел Вектра” гирифтааст ва сипас “Мерседес”-у “Ҳундай” ва “Тойота”, ки дар Тоҷикистон назар ба Опел камтар фурӯхта мешаванд.