Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди имтиёз ба раисони пешини порлумон дар Қирғизистон


Жогорку Кеңеш, порлумони Қирғизистон
Жогорку Кеңеш, порлумони Қирғизистон

Вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки ба раҳбарони собиқи ин ниҳод мақоми махсус дода шавад, ки як қатор имтиёзҳоро дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонунро дар ин бора вакилони порлумони Қирғизистон Нуржигит Қодирбеков ва Замирбек Мамасадиқов ба баррасии умум гузоштанд.

Бино ба лоиҳаи қонун, раиси порлумони Қирғизистон баъди рафтан аз кор низ ҳамроҳи ҳамсараш аз хидматрасонии бепули тиббӣ, шиносномаи дипломатӣ, истифодаи ройгони толори фурудгоҳ, истгоҳҳои роҳи оҳан бархурдор хоҳад буд.

Порлумони Қирғизистонро дар замони истиқлолаш 21 кас раҳбарӣ кардааст. Раиси порлумони кунунии Қирғизистон Нурлан Шакиев аст.

XS
SM
MD
LG