Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афғонистониҳое, ки мехостанд ба Аврупо раванд


Қазоқистон
Қазоқистон

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти чаҳор шаҳрванди Афғонистон дар Алмато хабар дод.

Ба иттилои хадамоти матбуотии кумита, шаҳрвандони Афғонистон 16-уми март ҳангоми "додани 5 ҳазор доллар ришва ба як мансабдори ин кишвар дастгир шудаанд".

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, афғонистониҳо аз мансабдори қазоқистонӣ хостаанд, ки онҳоро ба воситаи фурудгоҳи Алмато бо шиносномаҳои қалбакии Испания ва Португалия ба Русия фиристад.

Кумита афзуда, ки боздоштшудаҳо мехостанд, аввал ба Русия ва аз онҷо ба кишварҳои аврупоӣ сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG