Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дар паёми наврӯзӣ боз аз захираи дусола гуфт


Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати ҷашни Наврӯз деҳқононро ба кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои обӣ ва мардумро ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон аз ин пеш низ чанд дафъа ба захираи дусолаи хӯрокворӣ  даъват карда буд.

Дар паёми президент Раҳмон омадааст, бинобар вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, чун камобиву хушксолӣ ва паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, таъмини мардум дар дунё бо ғизо дар ҳоли табдил шудан ба як мушкил гардидааст.

"Мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем," -- гуфтааст Раҳмон.

Даъвати ӯ аз мардум дар бораи зарурати омода кардани захираи озуқа барои ду сол тақрибан 15 сол боз садо медиҳад. Дар муроҷиатҳои худ солҳои пеш ҳам ӯ ба бӯҳрони молӣ ва офатҳои табиӣ, хушксоливу камобӣ таъкид карда буд.

Сокинон ҳангоми суҳбатҳо дар ин робита мегӯянд, дар Тоҷикистон имкон ва шароити захира кардани маводи ғизоиро, он ҳам барои ду сол, надоранд. Таҳлилгарон ҳам таъкид карда буданд, ки маводи ғизоӣ, ба ҷуз аз гандум муҳлати истифодабарии дусоларо надоранд ва дар кишвар барои ин қадар захира кардани маводи озуқаворӣ анборҳои дорои шароит мавҷуд нест.

Сокинон дар Тоҷикистон пайваста аз болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар шикоят мекунанд. Музди маоши мардум дар кишвар дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз пасттаринҳо дониста шудааст.

XS
SM
MD
LG