Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барқ гарон шавад


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Девони вазирони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки арзиши истифода аз нерӯи барқ дар ин кишвар аз моҳи майи имсол гаронтар шавад.

Лоиҳаи қарори девон дар ин замина барои баррасии умум аллакай пешниҳод шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ҳадафи боло бурдани арзиши истифода аз нерӯи барқ ба даст овардани пули иловагӣ барои рӯйпӯш кардани касри соҳаи энергетика аст.

Вазорати энергетикаи Қирғизистон дар шарҳи пешниҳод гуфтааст, арзиши барқ бо назардошти сатҳи таваррум гарон карда мешавад ва эҳтимол он 10 дарсадро ташкил диҳад.

Дар Қирғизистон соли гузашта низ нархи нерӯи барқро боло бурда буданд. Дар ин кишвар дар ҳоли ҳозир як киловатт-соат нерӯи барқ 1 соми қирғизӣ арзиш дорад. Барои хонаводаҳои ниёзманд як киловатт-соат 0,5 сом ҳисоб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG