Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як мусофири ҳавопаймои "Ural" дар роҳ ба Тоҷикистон


Ҳавопаймои "Ural Airlines" (Уралские авиалинии)
Ҳавопаймои "Ural Airlines" (Уралские авиалинии)

Ба гузориши расонаҳои Русия, як мусофири ҳавопаймои "Ural Airlines" (Уралские авиалинии) дар роҳ ба Тоҷикистон ҷон додааст.

Саҳифаи "Авиаторшина" дар Телеграм навишт, ки ҳодиса шоми 18-уми март рӯй дод.

Манбаъ мегӯяд, ҳавопаймои Airbus A321neo бо 92 мусофир аз Маскав ба самти Кӯлоб ба ҳаракат даромада буд.

Ба сабаби бад шудани ҳоли яке аз мусофирон ҳавопайморо дар фурудгоҳи Курумоч (Самара) поин овардаанд.

Пизишкон ба кумак шитофта, вале мусофирро наҷот дода натавонистанд.

Ҳавопаймо пас аз ду соат ба сӯйи Тоҷикистон парвоз кард.

XS
SM
MD
LG