Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ ба Русия наздик ба 7 ҳазор "контейнер" муҳимот додааст


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Аз соли 2023 Куриёи Шимолӣ ба Русия наздик ба 7 ҳазор "контейнер" муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти дигари низомӣ фиристодааст. Дар ин бора вазири мудофиаи Куриёи Ҷанубӣ Шин Вон Сик хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Куриёи Шимолӣ дар аввал мехост, тавассути киштиҳо ин муҳимотро фиристад, аммо ҳоло роҳи оҳанро истифода мебарад. Шин Вон Сик гуфт, эҳтимол Пхенян дар иваз аз Русия зиёда аз 9 ҳазор "контейнер" кумак дарёфт кардааст.

Ин изҳороти вазири мудофиаи Куриёи Ҷанубӣ баъд он садо дод, ки чанд соат пештар низомиҳои Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон чанд мушаки болдор партоб кардааст.

ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ пештар ҳам Куриёи Шимолиро дар ирсоли муҳимоти ҷангӣ ба Русия, дар замони ҷанги зидди Украина, айбдор карда буданд. Ҳам Русия ва ҳам Куриёи Шимолӣ ин иттиҳомро рад карданд.

Моҳи феврал расонаҳо навиштанд, ки Русия дар ивази муҳимоти ҷангӣ ба Куриёи Шимолӣ ба низоми молии ҷаҳонӣ дастрасӣ додааст ва ҳамчунин қисме аз дороиҳои Куриёи Шимолиро дастраси ин кишвар кардааст, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG