Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи кишвар дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ то рӯзи 26-уми март идома хоҳад кард.
Ба ин ҷамъомад 26 бозигар даъват шудааст. Футболбозони ҷавони тоҷик дар Арабистони Саудӣ якчанд бозии санҷишӣ низ анҷом медиҳанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21-ум то 29-уми сентябри имсол баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври интихобӣ дертар маълум хоҳанд шуд.
Ҳамзамон ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёвӣ, дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад.
Футболбозони навраси тоҷик дар доираи ҷамъомади дуҳафтаина дар Анталия бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳанд.
Аввалин ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бошгоҳи «Родина-М» (Москва) буд, ки дар лигаи дуюми Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Бозӣ бо пирӯзии «Родина» бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) боз се бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Рӯзи 20-уми март наврасони тоҷик бо дастаи наврасони «Аланяспор» ва рӯзҳои 23-юм ва 25-уми март бо мунтахаби наврасони Русия бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳанд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рақибони дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ дертар маълум мешаванд.