Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як шаҳрванди Узбекистонро ба Туркия таслим кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия шаҳрванди Узбекистон Ҳасанҷон Аминовро, ки ба куштани соҳиби як меҳмонхона дар шаҳри Истанбул гумонбар мешавад, ба Туркия истирдод кардааст.

Хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба корманди Вазорати умури дохилии Русия Ирина Волк иттилоъ дода, ки шаҳрванди Узбекистон 15-уми март дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба мақомоти интизомии Туркия супурда шуд.

Ба иддаои мақомоти Туркия, Аминов дар моҳи июли соли 2019 молики меҳмонхонаеро, ки дар он кор мекард, ҳамроҳи як шарикаш кушта, фирор кардааст.

"Ҳасанҷон Аминов моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Қазон дастгир шуда буд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Русия.

XS
SM
MD
LG