Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави ҳамлаҳои Украина ба Русия. Як кас кушта шудааст


Белгород, Русия, 17-уми марти 2024
Белгород, Русия, 17-уми марти 2024

Нерӯҳои Украина 17-уми март, дар рӯзи охири интихоботи президентии Русия, мавҷи нави ҳамлаҳоро ба ин кишвар оғоз карданд.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 35 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро аз байн бурданд. Аз ҷумла, чаҳор дронро дар фазои Маскав. Масъулони пойтахти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса касе осеб надид.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, ду ҳавопаймои бидуни сарнишин дар Калуга ва вилояти Ярославл афтодаанд. Чанд дронро дар вилоятҳои Белгород, Курск ва Ростов сарнагун кардаанд.

Волии Белгород Вячеслав Гладков гуфт, бар асари ҳамлаҳои Украина рӯзи якшанбе як духтари 16-сола кушта ва падараш захмӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Украина гуфт, рӯзи якшанбе дар вилояти Одесса 14 ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун кард.

XS
SM
MD
LG