Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​​​​​​​Мунира Абдусаломова ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифт


Мунира Абдусаломова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид. Ин роҳхати чаҳоруми варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад.

Ба иттилои Федератсияи таеквондои Тоҷикистон, Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Чин се варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (-67 кг) ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) – дохил буданд. Аммо Суннатов ва Ҳалимова дар даври аввали мусобиқа шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Варзишгарон дар ҳашт вазн – чаҳор вазн миёни мардон ва чаҳор вазн байни занон – барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 талош карданд.

Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода шуд, яъне варзишгароне, ки ба финал баромаданд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.

Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад.

Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

Роҳхати сеюмро ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

Варзишгарони тоҷик муборизаро барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ дар мусобиқоти зерини интихобии ҷаҳонию қитъавӣ идома хоҳанд дод:

Шамшерзанӣ. Аз рӯи натоиҷи феҳристи 1-уми апрел. Инчунин 27-28-уми апрел. Дубай (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) - мусобиқоти қораи Осиё.

Гуштии варзишӣ (озод ва юнонию румӣ). 19-21-уми апрел. Бишкек (Қирғизистон) – мусобиқоти қораи Осиё ва 9-12-уми май. Истамбул (Туркия) - мусобиқоти ҷаҳонӣ.

Вазнабардорӣ. Аз рӯи натоиҷи феҳристи 28-уми апрел.

Бокс. 23-юми май – 3-юми июн. Бангкок (Тайланд) - мусобиқоти ҷаҳонӣ.

Ҷудо. Аз рӯи феҳристи 23-юми июн.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ноком шуда, бе медал монданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG