Гулноз Юлдoшеваи 47-сола аз ҷавонӣ бемории чашм дошт соли 2005 ба тамом нобино шуд. Танҳо зиндагӣ мекунад, вале медонад, дегу дегдонаш куҷост ва худаш ба кораш мерасад.
“Ман дар ин хона таваллуд шуда бузург шудаам, озод инҷо роҳ роҳ мегардам, ба кӯча мебароям. Вақте дар кӯча ягон мошин монанд, ба мошин бармехӯрам, яктарафа меистам. То роҳи калон меравам, вале он тарафашро рафта наметавонам,”—гуфт ӯ.
Хонае, ки Гулноз зиндагӣ мекунад, аз падараш ба ӯ мерос мондааст. Зиндагиро бо нафақаи маъюбӣ, ки ҳудуди 600 сомонӣ аст, пеш мебарад. Ҳунари дӯзандагӣ дорад ва барои худаш либос ва ҷӯроби замистона медӯзаду мебофад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ӯ 12-соли пеш издивоҷ кард, вале шавҳараш баъди муддате ӯро партофта рафт. Мегӯяд, шавҳараш бо ҳадафи фурӯхтани ҳавлӣ ва ба даст овардани пул бо ӯ издивоҷ кардааст. Бо ин вуҷуд, хушбин аст, ки рӯзе зани хушбахт мешавад ва ин ангеза ӯро ба оянда дилгарм месозад. Гулноз гуфт: “Мисли ҳама занҳо орзу дорам, ки хушбахт бошам, модар шавам. Ҳама ин чизро мехоҳад. Баъд аз онки фиреб хӯрдам, наметавонистам, бо касе зиндагӣ оғоз кунам, метарсидам, ки боз танҳо монда ранҷ мекашам.”
Гулноз вақте бино буд, дар литсейи касбӣ техникӣ ва чанд мудат дар идораи сабти асноди шаҳрвандии зодгоҳаш ноҳияи Шаҳритус кор кардааст. Забони русиро хуб медонад, андаке англисиро ҳам, ҳоло аз бекорию танҳоӣ дар хона ранҷ мекашад.
“Аз ҳама душвор танҳоӣ аст, азобам медиҳад, мехоҳам кор кунам, барои худ ва ҷомеа фоида биёрам, мехоҳам дар миёни мардум бошам, дар ҷомеъа бошам. Дар ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунам, инҷо барои нобиноён ягон коре нест. Метавонам дар Душанбе кор пайдо кунам, дар радио,”—гуфт ӯ.
Гулноз Юлдошева дар ҳамсоягии бародар ва наздиконаш зиндагӣ мекунад. Бо онҳо муносибати хубе дорад, вале онҳо наметавонанд кумакаш кунанд, чун худашон зиндагии сахте доранд: “Хешу таборам ҳаст, вале ҳоло як шароитест, ки ҳама мушкил дорад, бародару хоҳаронам фарзанди зиёд доранд, зиндагиро бо мушкил пеш мебаранд, аз онҳо умеди зиёд надорам. Дар муҳоҷират ҳастанду зиндагии душвор доранд.”
Агарчӣ чашмони нобино Гулнозро аз кору зиндагии комил маҳрум кард, аммо дар маҳфилҳои хонаводагӣ азизонашро бо чашми дил мебинад ва хушҳол мешавад.
Гуфтугӯ