ҲАМОС, ки дар Аврупо ва Амрико созмони террористӣ номида мешавад, гуфтааст, агар тамоми зиндониёни фаластинӣ аз маҳбасҳои Исроил озод шаванд, онгаҳ гаравгонҳоро озод мекунад.
Хабаргузории Рейтерз гуфтааст, ки ҲАМОС ин пешниҳодро тариқи кишварҳои миёнарав ба Исроил кардааст. Дар миёни зиндониёни фаластинӣ дар Исроил 100 нафаре ҳаст, ки ҳукми абад гирифтаанд.
Исроил ин пешниҳодро напазируфтааст, вале Нетаняҳу гуфтааст, барои музокираи нав омода аст, ҳайатеро ба Доҳа, пойтахти Қатар равон кунанд.
Ҳамзамон сарвазири Исроил тарҳи Вазорати дифои ин кишвар барои ҳамла ба шаҳри Рафаҳро қабул кардааст.
Дар шаҳри Рафаҳ, дар марзи Миср беш аз ду миллион фаластинӣ паноҳанда шудаанд. Созмони милал, Амрико ва кишварҳои минтақа аз Исроил хостаанд, ки ба ин шаҳр ҳамла накунад.
Мақомоти исроилӣ рӯзи ҳамла ба Рафаҳро эълон накардаанд, вале гуфтаанд, бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ ин корро мекунанд.
ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард.
Дар ҳамлаҳои Исроил наздик ба 31 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдаконанд.