Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назаррас ва дӯстона". Ятимов ва Тошиев дар Суғд мулоқот кардаанд


Саидмӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон
Саидмӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон

Ду мақомдори баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мавзуи марзро баҳс кардаанд.

Расонаҳои давлатии ду кишвар рӯзи 15-уми март хабар доданд, ки Саидмӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон бо Қамчибек Тошиев, ҳамтои қирғизистониаш дар масъалаи дақиқ кардани марз суҳбат кардаанд.

Мавзӯи суҳбати ду ҷониб дақиқ нест, вале “Ховар”, хабаргузории давлатии Тоҷикистон навиштааст, ки “дар натиҷаи гуфтушунид пешравии назаррас ба даст омадааст.”

Дар як соли ахир борҳо Тоҷикистону Қирғизистон аз “пешравӣ” дар муайян кардани хатти марз хабар додаанд. Ҳарду ҷониб ҷузъиёти гуфтугӯро бо баҳонаи “халал ворид нашудан ба музокирот” шарҳ намедиҳанд.

Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 16-уми март гуфтааст, ки вохурии Тошиев ва Ятимов “дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ” баргузор шудааст.

Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли ахир пайваста барои дақиқ кардани хатти марз мулоқот анҷом медиҳанд. Охири моҳи феврал ҷонибҳо хабар доданд, ки 1,11 километри дигари марзро дақиқ кардаанд. Дар моҳи январи имсол дарозии хатти муайяншудаи марзро 38,35 километр гуфта буданд.

Моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Ҷеэнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки ду ҷониб дар чор моҳ 196 километр хатти марзро муайян кардаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр аст, ки бештари он пас аз пошхӯрии шӯравӣ аломатгузорӣ нашуда буд. Соли 2022 мақомоти ду кишвар эълон карда буданд, ки 664 километри марзи ду кишварро муайян кардаанд.

Номуайянӣ дар хатти марз борҳо боиси ҷангу хунрезӣ дар сарҳади ду кишвар шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG