Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тоҷике, ки аз хидмати ҳарбӣ дар Русия фирор карда буд


Шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди даъват ба хидмат дар сафи артиши Русия фирор карда буд, дар Белорус боздошт шудааст.

Дар ин бора Раёсати тафтишотии шаҳри Маскави Русия хабар додааст.

Бино ба фарзияи муфаттишон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 2004 ва 2005, ки солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд, вале моҳи октябри соли гузашта, баъди даъват ба сафи артиш аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд.

Зидди шаҳрвандони Тоҷикитсон бо гумони саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ парванда боз шуда, онҳо онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд.

Муфаттишон ва маъмурони пулиси Русия муайян кардаанд, ки яке аз ин тоҷикистониҳо дар Белорус қарор дорад. Ӯро дар он кишвар боздошт намуда, ба Русия интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG