Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе пойгаи аспдавонӣ мегузарад


17-уми март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе ин мусобиқаи анъанавӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» рӯзи якшанбе соати 15:00 оғоз меёбад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидаи ин чорабинӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 279750 сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар пойга беҳтарин чобуксаворон ва аспҳо аз корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ, инчунин аспҳои баъзе аз роҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик иштирок мекунанд.

Аспсаворон дар пойга бо аспҳои зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ дар масофаҳои гуногун (1000, 1600 ва 2000 метр) рақобат мекунанд. Ғолибон бо тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳои молӣ мукофотонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои миллии варзиш, ба мисли гуштигирӣ, аспдавонию бузкашӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ, дастхобонӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили ид баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

XS
SM
MD
LG