Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ин барои "омодагӣ ба ҷанг" даъват кард


Роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин рӯзи панҷшанбе ба қисми низомие рафт ва савори тонк шуд. Хабаргузориҳои Куриёи Шимолӣ навиштанд, Ким Чен Ин дар размоишҳо иштирок ва худ савори тонк шуда, онро идора кардааст.

Ин севумин размоишҳоест, ки Ким Чен Ин дар 11 рӯзи охир, яъне баъди оғози размоишҳои Куриёи Ҷанубӣ ва ИМА, иштирок мекунад. Куриёи Шимолӣ одатан дар бораи размоишҳои артиши Куриёи Ҷанубӣ ва ҳампаймононаш назари манфӣ дорад ва онҳоро омодагӣ ба ҳамла ба Куриёи Шимолӣ медонад. Куриёи Ҷанубӣ баръакс мегӯяд, ин размоишҳо танҳо ба хотири мудофиаи худаш аст.

Дар размоиши ахир Ким Чен Ин аз тонкронҳо даъват кардааст, ки "руҳияи қавии ҷангӣ" дошта бошанд ва "ба ҷанг омода шаванд". Пештар аз ин вазорати мудофиаи Куриёи Шимолӣ Куриёи Ҷанубиро барои размоишҳои муштарак бо ИМА ба ҷанг таҳдид карда буд.

Ким Чен Ин ва дигар мақомоти Куриёи Шимолӣ борҳо дар бораи эҳтимоли ҷанг бо Куриёи Ҷанубӣ изҳори назар кардаанд. Бори охир Ким Чен Ин охири соли гузашта ба омодагӣ ба ҷанг даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG