Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон тарҳи як қонуни баҳсбарангезро қабул кард


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 14-уми март тарҳи қонунро "дар бораи намояндагони хориҷӣ" қабул карданд.

Аъзои Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии порлумони он кишвар рӯзи 20-уми феврал ҷавобгарии ҷиноиро аз ин қонун берун карда буданд. Тарҳи қонуни мазкур бидуни тағйироти дигар аз ҷониби порлумони Қирғизистон пазируфта шуд.

Пештар аз ин созмони байналхалқии мубориза бо фасод Transparency International аз порлумони Қирғизистон даъват кард, ки тарҳи қонунро "дар бораи намояндагиҳои хориҷӣ"-ро қабул накунад. Созмони мазкур ин муроҷиатро рӯзи 21-уми феврал нашр карда буд.

Мушовири минтақаии созмон Алтинай Мирзобекова дар муроҷиатнома зикр кардааст, ки тарҳи мазкур хилофи уҳдадориҳои Қирғизистон дар бахши ҳуқуқи инсон аст.

Муаллифи лоиҳа Нодира Норматова гуфт, онун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" монанд мекунанд.

XS
SM
MD
LG